29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳукумати мамлакат дар самти бунёду навсозии инфрасохтори оби нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ менамояд.
Хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, аз тадбирҳои муҳими таъмини маркази ноҳияи Шаҳристон ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокии тоза мебошад.
Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгипроводхоз” тарҳрезӣ гардидааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро ба истифода доданд






Муҳтарам кормандони Хадамоти оташнишонӣ!
Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карда, бо фаъолон, варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногуни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони мамлакат мулоқот анҷом доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.















