Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҷамъомади ботантана доир гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода табрикоти Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон манзур намуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни варзиш дар кишвар рушд намуда, варзишгарони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок ва қуввасанҷӣ намоянд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 100 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст. Ин аст, ки варзишгарони шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар 16 мусобиќаи дохилимактабї – бо гирифтани 449 медал, 12 мусобиќаи шањрї бо гирифтани 344 медал, 12 мусобиќаи вилоятї бо гирифтани 31 медал ва дар 5 мусобиќаи љумњуриявї бо гирифтани 24 медал мушарраф гардиданд, ки дар маҷмуъ 852 медалро ташкил медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки футболбозони дастаи “Гулистон”-и шаҳр ғолиби Ҷоми вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол гардиданд.






Варзишгарони арҷманди гулистонӣ!
Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣв ва хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.
Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бунёду азнавсозии наздик 200 иншоот ба нақша гирифта шуда, давоми солҳои 2018-2020 ба маблағи 310 миллион сомонӣ 157 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар саҳни майдони Нишони давлатӣ Раиси шаҳри Гулистон, раиси федератсияи футболи шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо футболбозони дастаи “Гулистон”-и шаҳр ба муносибати ғолибият дар даври ниҳоии ҷоми вилояти Суғд - 2021 оид ба футбол вохӯрӣ доир намуд.















