8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат дар деҳоти ба номи Турсун Улҷабоеви ноҳия корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен”-ро ифтитоҳ карданд.
Иншоотро соҳибкори ватанӣ-муассиси Ҷамъияти саҳоми пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” Наврӯз Комилов ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 60 садяк бунёд намудааст, ки аз ду хати истеҳсолӣ иборат мебошад.
Барои бунёди корхона ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти замонавӣ 15,5 млн. сомонӣ сарф гардидааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мактаби «Дурахшандагон» ва маркази хизматрасониро дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «Маҳзани илм»-ро дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кӯдакистони «Зарзамин»-ро ба истифода доданд






7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд дар барномаи бошукуҳи идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саъдии деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои мумфаршкунии роҳи дарозиаш 10,4 километр ва паҳноии 5 метр оғоз гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Баҳористони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва сехи дӯзандагиро мавриди истифода қарор доданд.














