Имруз 17 январи соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди раиси шаҳр бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо доир гардид.
Дар машварати корӣ масъалаҳои рафти кор дар корхонаҳои истеҳсолии навтаъсис ва ташкили корҳои ободонӣ дар шаҳри Гулистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ишора ба суръати корҳо дар корхонаҳои истеҳсолии навтаъсис карда, ба муовини якуми раиси шаҳр, мудири бахши саноат ва энергетика ва роҳбарони корхонаҳои мазкур дастур дод, ки барои тезонидани корҳо чораҷуй намоянд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ҷамъбасти сол дар Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд






Санаи 13.01.2022, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳайати Наимҷон Шарифов, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Аҳлиддин Тоҷидинов иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Матлуба Сатторова сармутахассиси комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бо хонандагони муассисаҳои таълимии №4, №5, №7, №12 ва №13-и Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ба мсили ифротгароӣ, бегонапарастӣ, нашъамандӣ, коррупсия ва ҷинояткорӣ мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон санаҳои 13-14уми январи соли 2021 вохӯрии гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ бо иштироки Исломҷон Раҳимов номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои шарқи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Нодир Турсунзода хабарнигори рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва тарғиботчиёни маҳаллӣ Илҳом Мадализода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.
ФАРМОНИ
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Ба кори он раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва аъзоёни фаъоли кумитаи иҷроияи шаҳрӣ даъват гардида буданд. Дар кори маҷлис Раиси шаҳри Гулистон муҳтарам Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок доштанд.














