Матни равон

Имрӯз ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон дар асоси нақшаи  чорабиниҳо ба хотири истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди иншоот нахуст бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд.

Осорхона аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд.

Дар ошёнаи якуми бино толори калони намоиш дар масоҳати 193 метри мураббаъ,  хазина ва даҳлез ҷойгир карда шудаанд.

Толори намоиши ошёнаи дуюм дар масоҳати 400 метри мураббаъ  таърихи ноҳияро дар даврони пеш ва баъди соҳибистиқлолии мамлакат фаро мегирад.

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони Ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони воҳидҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолон баргузор гардид.

Вохӯриро Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода доир ба мазмуну  муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар, масъалаҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсону шаҳрванд ва монанди ин суханронӣ намуд.

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар назди нимпайкараи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ-поягузори адабиёти классикии тоҷику форс” баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони бахши фарҳанги шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Дар ибтидо Илҳом Мадализода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон табрикоти Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ манзури ҳозирин намуд. Қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки дар рӯзи 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рӯзи Рӯдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кӯҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил ва арҷгузорӣ мегардад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2976
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2844
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20936
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:31604
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:100401
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:80666
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9296554

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?