Ҳафтаи гузашта дар зиёда аз 43 корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳои маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Солимии ҷомеа – кафили рушди Тоҷикистон» ба вуқӯъ пайваст.
Тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бароат Маҳкамова-дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷумъабой Ёқубов-дотсенти ДДҲБСТ, Равшан Усанов-дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва тарғиботчиёни маҳаллӣ дар назди ҷомеаҳои меҳнатӣ баромад намуда, зирк карданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2016 рушди соҳаи тандурустиро самти афзалиятнок муайян намуда, бори дигар таъкид доштанд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ дар раванди идомаи ислоҳоти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад, зеро миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад.