Дар толори Китобхонаи маркази шаҳри Гулистон ҷамъбасти ҳафтаи китобҳои кудакон ва наврасон баргузор гардид.
Чорабиниро директори Китобхонаи марказӣ Биомина Мирзоева ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки дар давоми ҳафта тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба китобу китобдорӣ ва китобхонӣ чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҳамоишҳо, хонишҳои бадеӣ, маҳорати наттоқӣ ва амсоли ин баргузор гардиданд. Дар ҷамъбасти ҳафтаи китоб адибони гулистонӣ Илҳом Раҳим, Рабоат Худойдодова ва Лютфи Неъматзода баромад карда, дар бораи китоб ва ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ суханронӣ намуда, аз ашъори тозаэҷодашон намунаҳо қироат карданд.






Дар толори хурди Маркази саломатии шаҳр ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Шўрои собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо иштироки собиқадорони соҳа баргузор гардид.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон баргузор гашт.














