Матни равон

Дар арафаи “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар толори шӯъбаи маорифи шаҳри Кайроккум  вохӯрии намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” бо донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 14 ва 8 баргузор гардид.

Раиси КИ ҲХДТ Қосимова К.М дар он баромад намуда, ҳозиринро бо Иди Парчам муборакбод намуд. Дар баромад дар бораи таърихи Парчами Тоҷикистон ва аҳамияти он дар давлатдории тоҷикон сухан рафт.

Дар ҳамин чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 160 нафар донишҷӯён шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар охир аз тарафи донишҷӯён ва хонандагон номераҳои фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.

Сафи ҳизбиён зиёд мегардад

Моҳи ноябр дар  шаҳри Қайроққум сафи ҳизбиён то ба 500 нафар зиёд гардид. Вохӯрии зиёди аъзоёни КИ шаҳрии ҲХДТ ва гурӯҳи тарғиботӣ  дар ташкилоту корхонаҳо  самар меорад.

Дар чорабиниҳо мардум мақсаду мароми Барномаи ҳизбро  дарк карда, онро эътироф ва ин  обрӯву нуфузи ҲХДТ-ро дар қаламрави шаҳр боз ҳам фузун месозад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар  ташкилотҳои ибтидоии ҶМ ТКММ “Апрелевка”,  ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон”, ҶММ “Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой”, “Маркази тарбиявӣ”, Маркази саломатӣ ва “Зарчашма”  хуб ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз 23-юми ноябр дар шаҳри соҳили «Баҳри Тоҷик» тантанаҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ баргузор мегарданд. Маркази шаҳр ва Ҷамоати шаҳракҳо намуди идона ба бар гирифта бо шиору овезаҳо, Парчами давлатӣ оро ёфтаанд.

Нахуст кормандони шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояту шаҳр, Ҷамоати шаҳракҳо, соҳибкорону саховатмандон бо ҳидояти Раиси шаҳр табақаҳои ниёзманди аҳолиро бо тақдими маводҳои хӯрока аёдат мекунанд. Конфронсу шабнишинӣ ва озмунҳои гуногун дар ташкилоту корхона ва муассисаҳои таълимӣ доир хоҳанд шуд. Арзи эҳтироми худро ҷомеаҳои меҳнатӣ, толибилмону устодон ва варзишгарон ба ин муқаддасоти миллӣ бо замзамаи таронаи Ваҳдат, шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва ватандӯстиву ватандорӣ дар кӯчаи марказии шаҳр бо  роҳпаймоӣ баён мекунанд.

Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони санъат!Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябр, соати 17:00, дар Кохи Истиқлол консерти идонаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ ва овозхони маҳбуб Орзугул Хуҷамова таҳти унвони «Мо бо шумоем!» танҳо як рӯз дар шаҳри Қайроққум баргузор мегардад. Марҳамат , ба шоми хушдилию фароғат!

Муборакбодии  Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамдиёрони азиз!

Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб  сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин иҷлосия ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав,  сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро ва вартаи нобудшавӣ раҳонид.

24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2067
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2561
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11223
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14358
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:29350
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:72018
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9080601

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?