Дар толори қасри фарҳанги шаҳраки Адрасмони шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова ва раиси ҷамоати шаҳрак Улуғбек Хоҷаев иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён номаи табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Зикр карда шуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр чорабинии фарҳангӣ доир ба таҷлили Рӯзи шашмақом баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ва мудири бахши фарҳанги шаҳр Дилноза Каримова иштирок намуданд.
Субҳи имрӯз, 09.05.2026 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи “Темурмалик” дар пояи муҷассамаи “Ёдбуд” ба ифтихори 81-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими ёдбуд бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилоят, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, чернобелчиён, сокинони маркази шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо баргузор карда шуд.














