Санаи 5июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлоли вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси шаҳри Бӯстон - Нуруллозода Фирӯза, Раиси шаҳри Гулистон - Пӯлодзода Илҳом, Раиси шаҳри Истиқлол - Маҳмудзода Қаюмҷон ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон
- Баргузории машварати кории Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода
- ҲАМОИШ ДОИР БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА АЗ ҶОНИБИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ДАР БОРАИ "ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027-2036"






Санаи 5-июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлоли вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Имрӯз, 04.07.2026 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз ҷониби масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид.
Имрӯз 2 юми июли соли равон, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонӣ, беҳтарсозии инфрасохтори шаҳр ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор иншооту мавзеъҳои муҳими шаҳр боздид ба амал овард.
Санаи 01.07.2026 соати 14:00 дар маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрии вакили халқи вилояти Суғд Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон доир гардид.














