Матни равон

Имрӯз, 25.01.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр вохӯрӣ бо сокинон , аъзои комиссияҳои учаткаҳои интихоботӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Қурбонов ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят Исматҷон Ҷумаев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 декабри соли 2024, №882 Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ - Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъин карда шуд.

Имрӯз, 24.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост” баргузор карда шуд.

Дар дарси мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва муовини сардори шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Кароматов Хуршед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, чӣ хеле ки мушоҳида мекунем имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳими нигароникунанда ин паст шудани таълиму тарбияи насли наврас шудааст. Дар тӯли чанд соли охир ҳам аз тарафи волидайн ва ҳам аз тарафи муассисаҳои таълимӣ норозигӣ аз одобу ахлоқи хонандагон ба назар мерасад. Ҳамин боис шуд, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар Қонун "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак"- ро ба тавсиб расонид. Бо вуҷуди ҳамаи ин то ҳол аз тарафи бархе аз волидон ба ин қонун чандон эътибор дода намешавад, ҳар чанд, ки ҳамеша аз пайи ташвиқ ва фаҳмондадиҳии он кӯшишҳо ба харҷ дода шавад ҳам.

Имрӯз, 23.01.2025 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар шафати роҳи даромади шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд.

И.в Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин таъкид намуд, ки аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ҳар чи бештар ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз бояд шинонида шавад.

 

Имрӯз, 23.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуд.

Дар дарси мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ, ки орзуву ормони ҳазорон фарзандони ҷонфидои он буд марҳилаи нави ташаккулро оғоз намуд. Вале мутаассифона ба гирдоби кашмакашҳои дохилӣ бо дастандаркории шахсону гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу берунӣ кашида шуд. Хушбахтона хиради азалии миллати тоҷик ба зулму торикӣ пирӯз гардид ва бо ба роҳбарии кишвар омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу пайкорҳои фидокоронаашон халқи тоҷик сарҷамъ гардида, ба кашмакашҳои дохилӣ нуқта гузошта шуд.

Санаи 22.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз муассисаи давлатии гимназияи №1, собиқ бинои маркази таҳсилоти иловагии шаҳр, бахши фарҳанги шаҳр ва китобхонаи системаи марказонидашуда дидан намуд.

Нахуст иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз муассисаи давлатии гимназияи №1 дидан намуда, бо ҷараёни таҳсил шинос шуда бо омӯзгорону хонандагон ҳамсуҳбат шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 760 нафар хонанда таълим мегиранд ва ба онҳо 35 нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Дар соли таҳсили 2023-2024 омӯзгорону хонандагони муассиса ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Як нафар хонандаи муассисаи дар даври ниҳоии олимпиадаи фаннии хонандагон соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид ва ҳамчунин як нафар омӯзгори муассиса дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ ккитоб аст” фаъолона иштирок намуд. Солҳои қаблӣ низ таълимгирандагони муассисаи дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегардиданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:914
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2463
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4258
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9966
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3377
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8511811

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?