Санаи 27 июли соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи корӣ доир ба баррасии пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисону роҳбарон ва сармуҳосибони ҷамоату шаҳракҳо, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмонон — Раҷабзода Шараф Саъдулло, муовини Сардори Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Суғд ва Холзода Сорбон Сарахон, муовини сардори шуъба — сардори бахши назорати буҷетҳои маҳаллии Раёсатро муаррифӣ кард. Сипас ба намояндагони Агентӣ барои муаррифии натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявии дар шаҳр гузаронидашуда сухан дода шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ҷаласаи ҷамбасти шашмоҳаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва Шӯрои куҳансолони ҳаракат доир гардид
- Ташрифи рӯзноманигорон ба шаҳри Гулистон
- Раиси шаҳри Гулистон аз рафти корҳои омодагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.






Дар машқгоҳи «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони Суғд марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ бо ҷалби қӯшунҳои гарнизони Суғд ҷамъбаст гардид.
Дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ корҳои ободониву созандагӣ идома доранд.
Дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳри Гулистон корҳои барқарорсозӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо маром идома доранд.













