Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода санаи 5 майи соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон суҳбату мулоқоти ҳайати таблиғотӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ, раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова ва раиси ҷамоати шаҳрак Мушарраф Охунова баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои саҳми тоҷикон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда шуд.






Санаи 5-уми майи соли 2026 раиси Федератсияи футболи шаҳри Гулистон, раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода бо ҳайати футболбозони дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, сарпарасти соҳа, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармураббии даста Фаррух Ниёзов ва сармоягузорон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ бозигарони даста иштирок доштанд.
4-уми майи соли 2026 дар толори хурди МИҲД-и шаҳри Гулистон дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид.
Санаи 03 майи соли 2026 дар тарабхонаи ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон”-и маркази шаҳр озмуни шаҳрии "Оилаи намунавӣ" баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".
Имрӯз, 5 майи соли 2025 дар толори Нозироти андози шаҳр Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳният намуд.














