Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Дар рафти қабул шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, таъмини манзил, ҷудо намудани қитъаи замин, беҳтар намудани инфрасохтор, хизматрасонии коммуналӣ, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, таъмини шуғл ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳар як муроҷиати сокинонро бодиққат шунида, барои баррасии ҳаматарафа ва ҳалли онҳо ба муовинон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои супоришҳо риояи муҳлатҳои муқарраргардида ва муносибати масъулона бо муроҷиати шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.






Санаи 29 июл Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода кормандони Қисми мустақили 37 - уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳрро, ки фаъолияти пурсамари хизматӣ доранд ба муносибати иди касбӣ таҳният гуфта, қайд намуд, ки мутахассисони ин касб ҳамеша бо далерӣ, ҷасорат, муҳаббату садоқат ба кори худ ва омодагии ҳамешагӣ матонат нишон медиҳанд, зеро мубориза бо оташ аз ҳар яки онҳо кордониву зиракӣ, тахассуси баланд ва мардонагиро талаб менамояд.
Санаи 29.07.2026 таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода Ситоди зимистонгузаронӣ баргузор гардид. Дар Ситод аъзо, роҳбарон ва масъули соҳаҳо иштирок намуданд.
Субҳи имрӯз, санаи 29- уми июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Имрӯз, 28 июли соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон маҳфили навбатии “Ҳумоюн” бо иштироки Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш баргузор гардид.














