Санаи 20.02.2024, дар муассисаи таълимии №1-и маркази шаҳр доир ба огоҳсози аз падидаҳои номатлуб экстремизм-терроризм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, интихоби касб ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо иштироки волидайн вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Сатторова Матлуба, мудири шуъбаи маориф Каримӣ Дилрабо, корманди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Содиқзода Рухшона ва директори МТМУ №1 Ҳакимова Муҳаббат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир, раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Яъне экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср маънидод карда мешавад.
Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.






Санаи 21.02.2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.12.2023, №411 тасдиқ гардидааст ва қарори Раиси шаҳри Гулистон "Дар бораи тайёр намудан ва гузаронидани тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон" тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуӣ "Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳри Гулистон ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба замони ҷангӣ" дар шаҳр баргузор гардид.
Санаи 16.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссия таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламрави шаҳр таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода баргузор гардид. Дар ҷаласкаи мазкур мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шералӣ Раҳмонов, сардори шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Раҳимзода Ғ.Ғ., нозири калони ШБДА-и шаҳр Эсозода Ҷ.А., раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони хатсайрҳои №40, №101, №66, №45 ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.
Имрӯз, 15.02.2024 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр тибқи нақшаи муштараки баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмондадиҳии моҳият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023, ки аз 9-уми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст вохӯрӣ баргузор гардид.
Санаи 14.02.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати шаҳраки Консой аз ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дидан намуд.















