Санаи 05.03.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар–бақои ҳаёт” бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Исмоил Саидов мудири бахши адабиёт ва камолшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории чорабинии идона дар қисми ҳарбии 45025 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ВИЛОЯТ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲР
- Аёдати собиқадорон ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ






Имрӯз, 05.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр бо хонандагони синфҳои 7-11 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 28.02.2024 дар шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 тасдиқ гардидааст, даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” бо иштироки намояндагони шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.
Имрӯз, 27.02.2024 дар тарабхонаи «Темурмалик»-и маркази шаҳри озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки муассисаву ташкилотҳо баргузор гардид.
Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории иншоотҳои маишиву хизматӣ ва тозаву озода намудани ҷуйборҳо аз ҳаргуна партовҳо санаи 24 феврали соли 2024, дар маркази шаҳр аксияи тозагии маҳал ташкил ва гузаронида шуд.














