МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ ЧОРУҚДАРРОН ВОБАСТА БА СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
Имрӯз, 14.03.2024 дар толори ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров ва муфаттиши калони прокуротураи шаҳр Шамсулло Раҳматуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.






Муҳтарам кормандони мақомоти Прокуратураи шаҳр!
Санаи 13.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Консой бо сокинони маҳалла вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Санаи 12.03.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории Раиси шаҳр баргузор гардид.
12.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори кохи фарҳангии "Истиқлол" бо ҷавонони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр бо хонандагони синфҳои 7-11 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.













