Санаи 12 марти соли 2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.
Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ ва раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи иҷлосия чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.






Имрӯз, 11.03.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аҳли қаламкашони шаҳрро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷикмуборакбод намуд.
Санаи 11.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Мактаби санъати маркази шаҳр бо сокинони маҳаллаи рақами 1 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Муҳтарам собиқадорон ва намояндагони васоити ахбори омма,
Санаи 06.03.2024 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки бонувони собиқадор ва фаъолзанон миззи мудаввар баргузор гардид.














