Матни равон

Имрӯз, 05.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2023 баргузор гардид.

Ба нишасти матбуотӣ муовини якум, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр даъват гардида буданд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 30 воситаҳои ахбори омма аз телевизионҳо ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат доштанд.

Таҳти ин унвон имрӯз, 03.02.2024 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.

Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист, ки дар Паёмӣ навбатӣ ироа гардид ва дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид гардид корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.

Дар шабегии имрӯза аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонаву муассиса ва хиёбону гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.

Санаи 02.02.2024 тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суғд аз 20-уми январи соли 2024 оид ба баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода, мудири бахши окр бо ҷавонон ва варзиш Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД-и шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва раиси ҷамоати шаҳрак Сарҳад Баротзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои мардумии мо аз қабили Наврӯзи байналмилал, Меҳргон ва Тиргон  мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо файзу баркати хосаи идҳои аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, онҳо ба густариши оинҳои мардумӣ мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо месозанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин ҷашни ниёгон чунин гуфтаанд: “Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан, замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор мешавад. Дар айёми таҷлили ин ҷашн мардум шодиву хурсандӣ карда, анъанаҳои неки халқамонро такмил мебахшанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд”.

Санаи 26.01.2024 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии  ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиш таҳти унвони "Ҳифзи арзишҳои миллӣ рисолати шаҳрвандист!" ва маросими шиносномадиҳӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, сардори хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон майори милится Тағоймуродзода Сулаймон ва нозири калони  минтақавии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Содиқзода Рухшона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ба хусус ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ва эҳтиром ба шиносномаи миллӣ ташкил диҳад. Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад. Ҷавонон бояд муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳои ояндаи кишвар бошанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Ҷавононе, ки воқеан Ватани худро дӯст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд. Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархурдор гарданд. Ҳамчунин моҳияти истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин сурат Ҳукумати кишвар аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватан дар оянда хотирҷамъ буда метавонад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2530
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:8386
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10916
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88289
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10158771

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?