Санаи 08.02.2024 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 45025 – и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро” бо иштироки ҳайати таблиғоти Шӯрои вилоятиву шаҳрии Ҳаракат бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шарифзода Аминҷон ва шоира Гулноз, Каромат Қосимова раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Мадина Каримова сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Тоҷиддинов Аҳлиддин и.в мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Муродҷон Абдуллоев мудири бахши бойгонӣ, Ҷамолиён Муслимахон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр ва Муҳаммадҷон Усмонов имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.







Санаи 03.02.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳраки Консой ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабилӣ ҷиноятсодиркунӣ ва риоя Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо хонандагони муассиса вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 05.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир гардид.
Санаи 03.02.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр доир ба огоҳсозии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб-экстремизм, терроризм, коррупсия, интихоби касб ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо иштироки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.














