06.11.2022, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.
Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем.
Пеш аз ҳама, лозим буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми он — бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули ин санади раҳнамо бо майлу иродаи худ маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Деҳаи ман»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии панҷошёнаи таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ ба корҳои сохтмонии парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Имрӯз, 04.11.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба 28-умин солгарди қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқ, собиқадорон, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.















