
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат собиқадоронро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии «Бобои Шамс» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шинос шуда, дар ҷашни Меҳргони вилояти Хатлон иштирок намуданд
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ








23 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб оғоз бахшиданд.
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми мамлакат, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.














