
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи байналмилалии «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» пули мошингузарро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Кӯлоб қитъаи А», «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин» бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии асосӣ — Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандиси сохтмонии Синтзян» аз 22 феврали соли 2018 амалӣ гашта, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Мувофиқи маълумоти сохтмончиён дарозии пул 140 ва паҳноиаш 10 метр буда, иқтидори борбардории он 100 тонна мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз иншоот ба кори сохтмончиёну роҳсозон баҳои баланд додаанд.








Имрӯз, 22 октябри соли 2022 аз тарафи прокурори шаҳри Гулистон мушовири адлияи дараҷаи 1 муҳтарам Вазирзода Вазир Зокир дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо истиқоматкунандагони шаҳрак қабули сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.
Имрӯз 22.10.2022 дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон ярмарка фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ баргузор карда шуд.















