2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи навтаъсис ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Тавре зимни боздид маълум гардид, ҷамъият бо дастгоҳҳои муосири корӣ, ки истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус мебошанд, таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро банду баст ва барои фурӯш омода месозад.


























