1 ноябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар кӯчаи ба номи Носири Хусрав, шаҳраки “Шаҳритус” ҷойгир буда, бо тарҳи хеле зебову замонавӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст — бародарон Достиевҳо бунёд шудааст.








Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30.10.2022 дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, даромадгоҳи шаҳр ва шафати роҳҳои протоколӣ ниҳолҳои навъи серени ҳиндӣ, липа, магнолӣ ва дигар навъҳои дарахтони ороишии қиматбаҳо бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода шинонида шуд.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода намудани он ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр корҳои тозакунӣ, баровардани партовҳо, шинонидани гулҳои ороишӣ, сафолакпӯш намудани шафати роҳҳо, чароғонкунии хонаҳои истиқоматӣ ва дигар корҳои созандагӣ бо маром ҷараён дорад.















