
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст.
Лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи аввал се агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ëрирасон таҷдид карда мешаванд. Дар ин замина таҷҳизоти эҳтиëҷоти хусусии неругоҳ, се ҳалқаи барқии маҷмӯи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати неругоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд. Таъмири дарбандҳои бефи поëн ва обрасонҳои турбинавӣ низ дар марҳилаи аввал ба нақша гирифта шудааст. Агрегати №1-и неругоҳ пурра таҷдид шуда, давоми се моҳи охир дар озмоиши истифода қарор дошт.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маҷмааи «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ карданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсиониро баъди таъмиру навсозӣ ифтитоҳ карданд






Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Муассисаи таълимӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар асоси фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 30.08.2022, таҳти рақами 241 бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо мақсади омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон, бахшида ба Иди "Меҳргон" озмуни вилоятии "Тирамоҳи заррин" пуршукӯҳ доир гардид.
Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касаба!
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
















