27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Хоҷамурод Гелдимуродов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел иштирок карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон — Қосим-Жомарт Токаев барои ташкили чорабинӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро ба истифода дода, бо корҳои таҷдиду навсозии иншоот шинос шуданд
- ҒОЛИБИЯТИ ГУЛИСТОНИЁН ДАР ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ "ТИРАМОҲИ ЗАРРИН"
- ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба







27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Мулоқоти якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.
Муҳтарам Раис,
Шаҳри Гулистон 4–уми январи соли 1963 таъсис ёфтааст. Шаҳри Гулистон дар вилояти Cуғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи беш аз 19 километр шарқтар аз шаҳри Хуҷанд, дар соҳили ғарбии обанбори Баҳри тоҷик воқеъ аст. Ба марзи маъмурии шаҳри Гулистон шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан дохил мешаванд ва онҳо аз маркази шаҳр дар масофаи то 230 километр дуртар ҷойгир шудаанд. Алҳол аҳолии шаҳр якҷоя бо ҷамоати шаҳракҳо беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.















