Санаи 21.10.2022 дар Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон барои баланд бардоштан ва фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони Созмони хонандагон, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорони фанҳои биология, табиатшиносӣ, рассомӣ ва экология дар бахши ҳифзи муҳити зист, омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ, бедор намудани ҳисси табиатдӯстӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон бахшида ба Иди Меҳргон даври шаҳрии озмуни вилоятии "Тирамоҳи заррин" баргузор карда шуд.
Дар даври шаҳрии озмуни вилоятии “Тирамоҳи заррин” намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр, намояндаи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, намоянда аз мактаби санъат ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.
Сараввал, директори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон Эмомалӣ Бобоев бахшида ба Иди Меҳргон ва моҳияту шартҳои озмун ба ҳозирин маълумот дода, ҳамагонро сидқан ба ин иди миллии аҷдодӣ табрику шодбод гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд







Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба баргузории суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳолати даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҷиҳати Тақвияти додани корҳо дар ин самт дар миёни хонандагор вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 20.10.2022 дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар қаламрави вилоят Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Конститутсия-бахтномаи миллат” ба роҳ монда шуд.
Имрӯз, 19.10.2022 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлсии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон доир гардид.















