Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.
Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов ва собиқадори хизмати давлатӣ Санавбар Нуруллоева хабар гирифта, фарорасии 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли оилаи онҳо табрик намуд.
Дар суҳбат бо собиқадорон гуфта шуд, ки дастгирии собиқадорони меҳнат таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ин қишри ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.






ФАРМОНИ
Имрӯз, 03.09.2022 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ бахшида ба Ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби раиси шаҳри Гулистон доир ба сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳамарӯза корҳои ободониву созандагӣ ҷараён гирифта истодаанд.















