Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимои давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба онҳо пайваста кумакҳои моливу молиявӣ мерасонад.
Имрӯз, 30 августи соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими анъанавии супоридани либосҳои мактабӣ ба ятимон ба вуқӯъ пайваст. Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар ибтидо кулли мактаббачагонро бо фарорасии соли хониши 2022-2023 муборакбод гуфта барояшон хониши хубу аъло таманно намуд. Сипас, ба 60 нафар ятимон либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Зикр гардид, ки дастгирии ятимону қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамеша дар зери назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад.






Имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳрак корҳои ободонӣ бо маром ҷараён доранд.
Таҳти ин унвон имрӯз, 30.08.2022 дар ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо сокинони ҷамоати шаҳрак вохӯриву мулоқот доир гардид.
Имрӯз, 30.08.2022 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо дар КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум" бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии падидаҳои номатлуб, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва захираи маводи ғизоӣ барои давраи тирмоҳу зимистонгузаронӣ, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон , бо иштироки васеи кормандон доир гардид.
Имрӯз, 29 августи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати кории назди Раиси шаҳр оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 17 июни соли 2022, №147 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” баргузор гардид.















