Рӯзҳои 14-17-уми апрели соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, олимпиада аз фанни ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир, олимпиада аз фанни таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, олимпиада аз фанни забони русӣ ба номи Александр Пушкин, олимпиада аз фанни забони англисӣ ба номи Уилиям Шэкспир, олимпиада аз фанни забони давлатӣ, олимпиада аз фанни забон ва адабиёти рус ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои синфҳои 11 дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки дар он 778 нафар хонанда иштирок намуданд.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон Нигина Зоидбоева, Аниса Туйчиева, Даря Нусратова ва Ҷонибек Деҳқонов фаъолона иштирок намуданд.






Санаи 18 апрели соли 2022 машварати кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 17 апрели соли равон баён доштанд ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи корӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 18 апрел баргузор гардид. Дар кори машварат раисони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон ширкат намуданд.
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.
17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳр мулоқоти самимӣ доир карданд.














