Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати баррасӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 28 июли соли 2022 ироа гардид, бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ҷаласаи васеи корӣ баргузор шуд.
Дар рафти ҷаласа вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ ва таъмини оилаи худ бо меваю сабзавоти хушсифат ҳамчунин тариқи консервакунонӣ, захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.






28 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Имрӯз, 25 июли соли 2022 бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир ба гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 баргузор гардид.
Имрӯз, 22 июли соли 2022 зимни сафари корӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори меҳнат ва сегоникҳоро аёдат намуда аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар шуд.













