Матни равон

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи чорабиниҳои идона ба муносибати солгарди 31-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар остонаи оғози соли нави таҳсил дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шуд.

Иншооти тозабунёд барои 1280 хонанда дар ду баст дар чаҳорчӯбаи иқдомҳои бунёдкориву созандагии шаҳрдории пойтахти мамлакат сохта, ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар ин муассиса масъулони бахши маориф ва ҳайати омӯзгоронро бобати истифодаи имконияти фароҳамоварда ба хотири илмомӯзии муҳассилин вазифадор сохтанд.

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саидиён ЛТД” дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби хоси сохтмонию меъморӣ ба анҷом расонидаанд.

Бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. 4 синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, барои соҳибкасб гардидани духтарону писарон саҳми калон мегузоранд.

30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст  ҳисоботи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 ҳамчун як ҷузъи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дар амал татбиқ кардани сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин замина таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллии 31 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки тибқи анъанаи нек мо ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди истиқлолияти давлатӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, яъне афсарону сарбозони шуҷоъ ва содиқи Ватанро барои далериву ҷасорат ва хизматҳои шоёнашон дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон қадрдонӣ менамоем.

Имрӯз, 30.08.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии №1, №14 ва гимназияи №1-и маркази шаҳр ва МТМУ №3-и Ҷамоати шаҳраки Консой боздид ба амал овард.

Нахуст Раси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз МТМУ №1 дидан намуда, аз вазъи омодагии муассиса, синфхонаҳои таълимӣ, толори варзишӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва ошхона дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда барои оғози солҳои хониши 2022-2023 омода мебошад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:858
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:7717
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22175
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22357
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:94334
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10164816

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?