Силсилағалабаҳои "Гулистон" идома доранд
Имрӯз, 8 сентябри соли 2022 дар доираи даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъро ба ҳузур пазируфт.
Меҳмонон қисми аввали дидорро бомуваффақият шурӯъ намуда, аввалин шуда ҳисоби дидорро боз намуданд.
Бозигарони дастаи "Гулистон" барои ба самар расонидани тӯби ҷавобӣ кӯшиши аҳлона намуда, дар натиҷа ба ҳуҷумкори даста Муҳсин Рустамзода имконият даст дод, ки хати дарвозаи меҳмононро боз намояд. Ҳамин тавр қисми аввали дидор мусовӣ 1-1 ба анҷом расид.
Қисми дуюми дидорро мизбонон бо муваффақият оғоз намуданд ва ҳуҷумкори муваффақи даста Муҳсин Рустамзода аз вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода бурда ҳисоби бозиро бар суди дастааш афзуд.






8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!














