Матни равон

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и деҳоти Қумсангир шинос шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф» 3 гектар замин дошта, 6 нафар саҳмдор дорад, ки онҳо деҳқонони ботаҷриба мебошанд. Хоҷагии мазкур соли 2009 таъсис ёфтааст ва саҳмдорон ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, ба заҳмати самаровари деҳқонон баҳои баланд доданд. Хоҷагидорон аз ҳисоби кишти тирамоҳии гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ғалла рӯёнида, дар заминҳои холишуда кишти ҷуворимакка барои дон ва дигар навъи зироат мегузаронанд.

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун ба хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и деҳоти Қумсангир ташриф оварда, аз рафти истифодаи босамари замин ва парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол» соли 1997 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,4 гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият дошта, ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳолисбандии зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ, хусусан ҷуворимакка барои дон ва маҳсулоти полезӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд.

Субҳи рӯзи 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварданд.

Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷайҳун нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барафрохтанд.

15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов, Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Маҷористон Рона Отта Иван, Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд Чатчаван Сакорсин, Марокаш Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия Олинсо Виейра ва Доминикан Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Санаҳои 10-12 июни соли 2022 дар толори варзишии "Чемпион"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов  мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқаи варзишии мазкур 11 дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд.

Варзишгарони шаҳри Гулистон дар мусобиқаи мазкур фаъолияти арзанда нишон дода, соҳиби мақоми дуюм гардиданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1867
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:7717
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17970
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:95343
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10165825

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?