Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум доир гардидИмрӯз, 13 июни соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.
Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.
Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода ва Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 — 2028» иштирок намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд






Дар асоси қарори раиси шаҳри Гулистон баҳри истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои фарҳангӣ бо мақсади болидахотирии сокинони шаҳр барпо шуда истодааст. Имруз 11 июни соли 2022 санъаткорон ва ҳунармандони хонаи маданияти шаҳраки Чоруқдаррон дар боғи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии худро пешкаши тамошобинон намуданд.
6 июни соли 2022 дар кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Форуми «Занон ва об» - 2022 дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 (Раванди оби Душанбе) бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии СММ «Занон» дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо (RASIT) дар якҷоягӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқаҳои кушоди варзишӣ аз рӯйи намуди дастхобонӣ ва гуштини юнонӣ-румӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони Гулистоншаҳр фаъолияти арзанда нишон дода, соҳиби 5 медали тилло ва 2 медали нуқра аз рӯйи намуди мусобиқаи дастхобонӣ ва 1 медали нуқра аз рӯйи намуди гуштини юнонӣ-румӣ гардида, бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) хонум Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.















