2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд аз Парки техникӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи замонавӣ соли 2019 ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва тавсеаи истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум бунёд шуда, дар ин ҷо 17 лоиҳа ба маблағи умумии 365 миллион доллари америкоӣ амалӣ карда мешавад.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз таъсиси парки техникӣ истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот, истеҳсоли ашёи зарурии рузғор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.






Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.
Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, сипас дар вохурии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.















