Имрӯз, 1-уми июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид. Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо намоиши омода намудаи кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ шинос гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода кӯдакону наврасонро ба ин муносибат таҳният гуфт. Зикр гардид, ки рўзи 1-уми июн дар ҷаҳон ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ба мо ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем. Ба ин муносибат ин рӯзи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакони ҷаҳон, ба кулли сокинони шаҳри Гулистон самимона табрик мегӯям.






Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон ташриф оварда, Соҷида ва Иброҳим Мамадовҳоро, ки ҳарду бемор мебошанд, аёдат кард
Рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ фестивал - озмуни вилоятии “Сад ранги чакан”, дар боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.
Кӯдакону наврасони хушбахти даврони истиқлол!
30 май дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот намуданд.















