Имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии он, корҳои ободониву сабзкорӣ бо маром ҷараён гирифта истодаанд.
Дар маъракаи ободонӣ баҳри зебову пурҷило намудани шаҳр дар гулгашту хиёбонҳо, роҳравҳо, шафати роҳи асосӣ гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуда, қисмате аз шафати роҳи асосӣ сафолакпӯш гардида истодааст.
Дар корҳои ободонӣ масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр баҳри тақвияти корҳо ҳамарӯза фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.






Бегоҳии рӯзи 21.06.2022 дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи "Ваҳдати миллӣ" ва 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Пайки Ваҳдат" дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр баҳри болидахотирии сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон идома ёфта, аз ҷониби соҳаи маориф барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр мулоқот оид ба захираи маводи ғизоӣ доир гардид.
Субҳи имрӯз, 20 июни соли равон раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо ҷалби васеи мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр аз ҳолати биноҳои баландошёна боздид ба амал овард. Роҳбари шаҳр зимни боздид аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ёдовар гардида, ҷиҳати рангубори биноҳои баландошёна, тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳои ва хонаҳои истиқоматӣ, барқароркунии канораҳои роҳ, шинонидани гулҳои ороишӣ, ҷалби бештари аҳолӣ баҳри саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Имрӯз, 19.06.2022 дар шаҳри Гулистон новобаста аз рӯзи истироҳат ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр, тозаву озода нигоҳ доштан ва кабудизоркунии он, корҳои ободониву сабзкорӣ ба роҳ монда шуд.















