Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бо ҳамин мақсад санаи 14.06.2022, дар варзишгоҳи Ҷамоати шаҳраки Адрасмон байни наврасону ҷавонон мусобиқаи мазкур ташкил ва баргузор карда шуд.






Бегоҳии имрӯз, 14.06.2022 дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи "Ваҳдати миллӣ" ва 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Пайки Ваҳдат" дар "Боғи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳр баҳри болидахотирии сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон идома ёфта, аз ҷониби санъаткорони ҷамоати шаҳраки Консой барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.
Имрӯз, 14.06.2022 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр дар асоси амри Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 10-уми майи соли 2022, таҳти №64 ва амри Раиси шаҳри Гулистон Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ “Оид ба баргузории суҳбату мулоқотҳо ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонону наврасон ва тақлид ба фарҳанги бегона дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо” аз 24-уми майи соли 2022, №64 бо иштироки кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 14.06.2022 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми ҳарбии 45025 – и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ваҳдатофару ваҳдатсаро” бо иштироки ҳайати таблиғоти Шӯрои вилоятиву шаҳрии Ҳаракат бо сарбозон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 14.06.2022 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Раҳимов Муҳсин Султоновичро аёдат намуда, ба муносибати 85-солагии ҷашни мавлуд табрику таҳният гуфт. Зикр карда шуд, ки шоёни ифтихор аст, фаъолияти меҳнатии Раҳимов Муҳсин Султонович дар шаҳри Гулистони навбунёд соли 1957 оғоз ёфтааст. Муҳсин Султонович беш аз 40 сол фаъолияти меҳнатии худро дар комбинати қолинбофӣ пурсамар идома дода, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Давлату Ҳукумат меҳнати фидокоронаашро ба назар гирифта, он касро бо мукофоту ифтихорномаҳо, медали «Барои шарафи меҳнатӣ» ва соли 1966 бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафманд гардонид. 
















