
2 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри «Куксарой» сурат гирифт.
Меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Узбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.






2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар боғи «Узбекистон нав» дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият» гулчанбар гузоштанд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ҳамоиши идона таҳти унвони “Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем” бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор карда шуд.
Санаи 1-уми июни соли 2022, бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон, ки аз 05.05.2022, №109 ба тавсиб расидааст дар толори варзишии кохи "Истиқлол"-и маркази шаҳр марҳилаи дуюми мусобиқаи кушоди шаҳрии шоҳмот байни мардону бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
Имрӯз, 1-уми июни соли 2022 ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тарабхонаи “Манижа”-и маркази шаҳр бо дастгирии соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова барои 150 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дастархони идона ороста шуд.















