Дирӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ ба мардумони Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистонро дар арсаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд. Бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъкид гардида, ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ҳамкории дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ мутобиқ ба мувофиқаҳои қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда изҳори итминон карда шуд.






5 майи соли 2022 дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ шумораи зиёди сокинони касбу кори гуногуни шаҳрак ширкат доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнат Антонина Коссе ва Рамзия Давлатбековаро аёдат кард.
Дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, бунёди корхонаҳои гуногун ҷараён дорад. Соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонӣ гузошта истодаанд.
Рӯзи сешанбеи 3 май дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии мактаб барои хонандагони болаёқат оғоз бахшида шуд.















