Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибаи Иди саиди Фитр дар шаҳри Гулистон ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.
Дар ярмарка маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи нисбатан арзонтар аз бозор пешниҳоди сокинон карда шуд. Сокинон дар остонаи таҷлили Иди саиди Фитр амали мазкурро бо хушнудӣ қабул намуданд. Амали мазкур рӯзи якшанбе низ баргузор мегардад.
Лозим ба зикр аст, ки баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар шаҳр ба роҳ монда мешавад.






29-уми апрели соли 2022 дар доираи даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ҳосилоти"-и ноҳияи Фархорро қабул намуд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо дастгирии соҳибкори саховатманд дар остонаи таҷлили Иди саиди фитр ба кормандони корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр кумаки якдафъинаи молиявӣ ва маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.
Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар остонаи таҷлили Иди саиди Фитр ба 70 нафар ятимон ва камбизоатону ниёзмандон кумаки яквақта дар намуди маводи ғизоӣ расонида шуд.
Нимаи дуюми рӯзи 28 апрели соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти ҶДММ “Шоҳин-БМТ” ба он ташриф овард.















