Матни равон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:

1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1519 сомонӣ;

2.Сармутахассиси бахши нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1131,60 сомонӣ;

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1 - ҷой маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ;

4. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1- ҷой маоши мансабӣ - 759 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1 - ҷой маоши мансабӣ - 924,60 сомонӣ;

Дирӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Фарорасии 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистонро ба Шумо самимона табрик мегӯям.

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.

Кори саммитро Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ифтитоҳ намуда, дар он ҳамчунин императори Ҷопон Наруҳито, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Узбекистон, Бутан,  Ветнам, Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба таври ҳузурӣ, мустақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Имрӯз, 23-юми апрели соли 2022 дар доираи даври аввали чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дар сафар бо дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ вориди майдони рақобат гардид.

Дар қисми аввали дидор бозигарони ҳар ду даста кӯшишҳои зиёди боз намудани ҳисоби бозӣ намуда, аммо имкони рахна намудани хатти дарвозаи ҳамдигарро пайдо карда натавонистанд. Дастаҳо қисми аввалро мусовӣ ҷамъбаст намуда ба танаффус рафтанд.

Қисмати дуюми бозӣ пурҳаяҷон ҷараён гирифт. Дар назди дарвозаи дастаи "Гулистон" қоидаи бозӣ бар зидди мизбонон вайрон карда шуда, ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи ёздаҳметра таъин карда шуд. Бозигари дастаи "Куктош" ин имкониятро самаранок истифода намуда ҳисоби бозиро боз намуд. Футболбозони дастаи "Гулистон" барои баробар намудани ҳисоби бозӣ талоши зиёд намуданд ва заҳматҳояшон самар оварда ба рахна намудани хати дарвозаи "Куктош" даст ёфтанд. Ҳисоби мусовӣ ҳар ду дастаро қаноатманд наменамуд ва барои пирӯзӣ дар лаҳзаҳои охир талошҳо бештар гардид. Дар ниҳоят мизбонон имкон пайдо намуданд, ки маротибаи дуюм хати дарвозаи меҳмононро рахна намоянд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш рӯзи 22 апрели соли равон  мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди бокс (муштзанӣ) миёни наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 80 нафар тамринкунандагони ин намуди варзиш дар вазнҳои гуногун миёни ҳамдигар рақобат намуданд. Дар натиҷа 42 нафар варзишгарон бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи вазнҳои гуногун мушарраф гардиданд. Ғолибон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон бо диплом ва медал қадрдонӣ гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  шаҳри Гулистон ва мактаби варзишӣ иштирок доштанд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2625
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:7717
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18728
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24738
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:96101
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10166583

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?