Имрӯз, 4 майи соли 2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфилҳои илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, бартарафкунандагони садамаи чернобел, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қобилҷон Усмонов, устоди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Сафар Эркаев, устоди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Ҷамолиддин Абдукаримов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Қосимова Каромат Маҳмудовна, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Абдураҳмонов Аҳлиддин Абдукаримович ва мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.






Имрӯз, 4 майи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро таҳният намуд.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд.
Дар асоси барқияи фаврии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз, 2 майи соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ситоди Комиссияи ҳолатҳои фавқулода доир гардид. Дар кори Ситод муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва аъзои Ситоди Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр иштирок доштанд.
Бо муносибати иди саиди Фитр рӯзи 2 майи соли ҷорӣ аз қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳраки Чоруқдаррон дидан карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шавкат Ҳакимов табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Иди саиди Фитр ба самъи сарбозон расонид. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов доир ба дастгирии ҳамешагии Ҳукумати кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҷиҳати таъмини пайвастаи қисмҳои ҳарбӣ бо маводҳои лозимӣ сухан ронд.















