Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои хайру саховат, аёдати шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ниёзманд ва дигар қишри ҷомеа 28 апрели соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода шахсони дорои имконияти маҳдуд ва ниёзмандро аёдат намуд.
Зимни боздид аз вазъи зисту зиндагонии пирони хирад, шахсони дорои имконияти маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд роҳбари шаҳр аз вазъи зисту зиндагонии онҳо пурсон гардида, зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, раванди кумакрасонӣ ба онҳоро дар мадди назар қарор додаанд ва дар ин радиф иброз намуданд, ки “Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумам, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.






28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни паррандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд.
Имрӯз, 28.04.2022 дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Гулистон рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Тоҷикистон хонаи умеди мост” баргузор гардид.
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии “Раҳмонҷон” ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд.
Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.















