26-уми апрели соли 2022 дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 24.02.2022, №52 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон таҳти 13.04.2022, №56 бо мақсади бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба донишомӯзӣ, сайқал додани малакаву маҳорати корҳои илмиву тадқиқотии онҳо, ҷалби хонандагони лаёқатманду боистеъдод ба таҳияи корҳои илмӣ-таҳиқотӣ бахшида ба эълон гардидани Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф».
70-солагии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр даври шаҳрии сессияи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид. Сессия дар асоси Низомнома аз 20 бахш: физика, астрофизика, математика, химия, биология, тиб, иқтисодиёт, экология, география, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, педагогика ва психология, таърих ва ҳуқуқ, рӯзноманигорӣ гузаронида шуда, дар он 78 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр иштироки фаъолона намуда, аз рӯи бахшҳои сессия корҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳриро муайян намуданд ва ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.






26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Имрӯз, 25 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Маросими ба нафақа гусел намудани мудири бахши фарҳанги шаҳр Абдуллозода Фатҳулло Сайфулло баргузор карда шуд. Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро манзури ҳозирин намуд. Зикр гардид, ки Фатҳулло Абдуллозода фаъолияти кории худро ҳанӯз соли 1980 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз намудааст. Ҳамчунин, солҳои 1981-1983 сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намуда, пас аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти пурмаҳсули меҳнатии худро дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов идома дода, зина ба зина дар вазифаҳои гуногун то соли 2001 дар ин даргоҳи муқаддас ифои вазифа намудааст.
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, истодаанд.















