Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонида шуданд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. Муассиса дорои маркази гармидиҳист.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи мебелбарории ҶДММ «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини ҶДММ «Ганҷофар»-ро мавриди истифода қарор доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи заргарии «Зари Суғд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ намуданд.
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида, дар ин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин ба мавзеи Сомғор ташриф оварда, нахуст хати оби полезии Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.















