28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Дар муассисаи нави таълимӣ 9 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 159 нафар хонанда машғуланд.
Иншоот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири омӯзишӣ ва дигар аёнияти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст.






28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро расман ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.
Имрӯз, 28.04.2022 дар толори хурди Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо соҳибкорону тоҷирони шаҳр мулоқот доир намуд. Дар мулоқоти мазкур роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва соҳибкорону тоҷирон иштирок доштанд.
28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Имрӯз, 27 апрели соли 2022 дар толори хурди Мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бо соҳибкорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва соҳибкорон иштирок доштанд.















