Матни равон

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои хайру саховат, кумаку дастгирии шахсони ниёзманд ва дорои имконияти маҳдуд ва ва дигар қишри ҷомеа 09 апрели соли равон ба як қатор чунин ашхос кумаки яквақтинаи моддӣ дар намуди маводи хӯрокворӣ расонида шуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суҳбат зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба чунин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, раванди кумакрасонӣ ба онҳоро дар мадди назар қарор додаанд ва дар ин радиф иброз намуданд, ки “Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумам, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллӣ, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон ва таҳкими нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.

Сокинон изҳори сипосмандии хешро баҳри ғамхориҳои доимӣ дар симои роҳбари шаҳр ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Боиси шукргузорӣ ва саодатмандист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистон имсол низ зери фазои сулҳу озодӣ, ваҳдату ҳамдилӣ иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.

Иди саиди Фитр таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ, файзу баракат, хайру эҳсон ва рӯҳияи инсонпарварона ба ҳисоб рафта, фарорасии ин иди саидро ба кулли сокинони шарафманди шаҳри Гулистон самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва хайру баракат орзу менамоем.

9 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳраки Сирдарё бо сокинон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ", фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр Тоҷиддинов Аҳлиддин, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ҷамолиён Муслимахон ва намояндаи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатӣ ироа гардид. Дар Паёми  навбатӣ роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён гардид.

Имрӯз, 08.04.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таҳти унвони “Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон – василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!”  бо иштироки ҷавонони муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази шаҳр ҳамоиши илмӣ баргузор карда шуд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар кори ҳамоиш Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Исмоил Саидов омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и маркази шаҳр,  Комилҷон Аслонон муовини директори муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр ва Ҳасанбой Раҷабзода муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МТМУ №14-и маркази шаҳр иштирок намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2312
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2312
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53449
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262961

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?